• Tajik (TJK)
  • Russian (CIS)
  • English (United Kingdom)


< Июн 2011 >
П В С Ч П С В
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Вазифаҳо ва ваколатҳои агентӣ

E-mail Печать PDF

Мутобиқи Низомнома дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 маӣи соли 2010 №228 тасдиқ шудааст,

АГЕНТӢ

ваколатҳои зеринро дар бахши фаъолияти муқаррарнамуда амалӣ менамояд:

  • оид ба масъалаҳои ба Агентӣ дахлдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадхои меъёрии хукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
  • оид ба истифодаи мақсадноки маблағхои буҷетӣ, ки барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд, пешниходҳо таӣёр мекунад;
  • риояи ҳатмии талаботи қонунгузориро дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ таъмин менамояд;
  • дар амалӣ намудани хариди давлатӣ маслиҳат медиҳад, инчунин барои ҷустуҷӯи молрасонҳои имконпазир ва молистеъмолкунандагон мусоидат мекунад;
  • дар озмунҳои харид оид ба хариди давлатӣ, ки аз номи ташкилотҳои харидори дороӣ мақоми ташкилоти соҳибихтисос набуда мегузаронад, иштироки беғаразонаи молрасонҳо (пудратчиён) ва рушди рақобати озодро баӣни довталабон таъмин менамояд;
  • арзу шикоятҳоро оид ба масълаҳои хариди давлатӣ баррасӣ менамояд;
  • оид ба хариди давлатӣ иттилоот ҷамъ мекунад ва онро интишор менамояд;
  • такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон оид ба хариди давлатиро ташкил менамояд;
  • ба ташкилотҳои харидор вобаста ба масъалаи дуруст мавриди амал қарор додани интихоби усули хариди давлатӣ ҳангоми анҷом додани хариди мол, ичрои кор ва хизматрасонӣ гавсияҳо медиҳад;
  • ҳисобоги семоҳаро дар самти фаъолияти худ омода месозад;
  • маҳзани маълумоти молрасонҳои (пудратчиёни) ватанию хориҷиро ташкил намуда, феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимодро пеш мебарад;
  • оид ба масъалаҳои такмили механизми хариди давлатӣ мавод омода ва пешниҳод мекунад;
  • аз рӯи тартиби муқарраргардида нашрияи Бюллетени хариди давлатиро гаъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мемонад;
  • тибқи тартиби мукаррагардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои баӣналмилалӣ ва хориҷӣ хамкорӣ менамояд;
  • ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқаррагардида и фаъолияти Агентӣ вобаста мебошанд, тавзеҳ медиҳад;
  • барои ғаӣримарказонидани хариди давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида, феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисосро, ки мустақилона хариди давлатиро анҷом медиҳанд, таҳия мекунад ва ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  • дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дороӣ сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун хифзшавандаро таъмин менамояд;
  • фаъолияти дигарро дар соҳаи мукарраргардида, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.

бо мақсади татбиқи ваколатҳои дар соҳаи фаъолияти худ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

  • фаъолияти ташкилотҳои харидорро оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ назорат кунад;
  • барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани ташхис ва машварат мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро ба таври роӣгон, инчунин мутахасисонеро, ки хизматчии давлатӣ намебошанд, ба таври музднок ва аз руи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид анҷом диҳад, қарордод бандад;
  • тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ташкилотҳои харидор барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ чораҷӯи намояд;
  • бо мақсади татбиқи  вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ваколатҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ намояд.