• Tajik (TJK)
  • Russian (CIS)
  • English (United Kingdom)


< Июн 2011 >
П В С Ч П С В
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      
E-mail Печать PDF

Тартиби ба ташкилоти харидор додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос

Мақоми «Ташкилоти харидори соҳибихтисос» маънои ҳуқуқи мустақилона анҷом додани расмиёти хариди давлатиро дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи мувофиқа намудани усулҳои харид бо мақомоти ваколатдор

Барои соҳиб гаштани мақоми «Ташкилоти харидори соҳибихтисос» иҷрои амалҳои пай дар пайи зерин зарур аст:
Омўзиши ҳадди ақал як корманди ташкилоти харидор дар курси Агентӣ барои гирифтани шаҳодатномаи «Мутахассиси харид» /мухтасар/
Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани мақоми «Ташкилоти харидори соҳибихтисос» /номгўи ҳуҷҷатҳо/
Пешниҳоди ариза ба Комиссияи тахассусии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани мақоми «ташкилоти харидори соҳибихтисос» /шакли ариза/
Баррасии аризаи ташкилоти харидор аз ҷониби Комиссияи тахассусии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайянсозии мутобиқати тахассусии ташкилоти харидорро ба талаботи муқарраршуда дар мўҳлати як моҳ /мухтасар/
Қабули қарори Комиссияи тахассусии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос /мухтасар/
Дохил намудан ба Феҳристи ташкилоти харидори соҳибихтисос ва додани Шаҳодатнома аз тарафи Агентӣ /мухтасар/.