Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо дар сомонаи расмии хариди давлатӣ хайрамақдам гуфта, умедвор аст, ки эҳтиёҷоти меҳмонони сомонаро ба маълумоти зарурӣ қонеъ мегардонад.
Фаъолияти ташкилотҳои харидор – истифодабарандагони маблағҳои давлатӣ дар чаҳорчубаи ҷории низоми хариди давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», ки дар асоси модели умумии хариди давлатӣ ЮНСИТРАЛ таҳия гардидааст, аз соли 2004 оғоз ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бевосита принсипҳои умумӣ ва раванди хариди давлатиро мушаххас гардонида ба танзим медароранд, қабул гардидаанд. Дар бобҳои дахлдори сомонаи Агентӣ Шумо метавонед бо Қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ шинос шавед.
Агентӣ, дар баробари он, ки мақомоти ваколатдор мебошад, барои ташкил ва анљом додани хариди давлатӣ ба маблағи зиёда аз ҳадди камтарини харид, аз номи ташкилоте, ки дорои мақоми «ташкилоти харидори сохибихтисос» намебошад, вазифадор карда шудааст. Бо мақсади ноил гаштан ба яке аз мақсадҳои асосии Қонун - тавсеаи доираи иштирок ва рушди рақобат байни молрасонон (пудратчиён) дар соҳаи хариди давлатӣ, дар сомона эълонҳо оид ба озмунҳои хариди давлатӣ ҷойгир карда шуда, маълумоти пурра ва муффасал доир ба онҳо ба шахсони ҳавасманд аз рӯи дархостҳояшон манзур мегардад. Баҳри таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар мавриди гузаронидани хариди давлатӣ, дар сомона аз рӯи натиҷаҳои озмунҳои баргузоршуда инчунин маълумот дар бораи ғолиби озмун ва маблағи пешниҳоди тендерии ғолибомада дарҷ мегардад.