Тартиби пешбурди Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос
Тартиби пешбурди Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос дар асоси талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ“ таҳия гардида, тартиби пешбурди Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисосро (минбаъд - Феҳрист) муайян менамояд.
I. Муқаррароти умумӣ
1. Пешбурди Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос ба салоҳияти Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) дохил мешавад.
2. Қарори Комиссияи тахассусӣ дар бораи ба ташкилоти харидор додани мақоми (статуси) ташкилоти харидори соҳибихтисос барои дохил намудан ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос асос мебошад.
3. Феҳрист дар шакли журнали рақамгузоришуда ва ресмон-бандишуда пеш бурда мешавад.
4. Дар Феҳрист бояд маълумотҳои зерин дохил карда шаванд:
- рақами тартибии бақайдгирӣ;
- номи пурраи ташкилоти харидор;
- суроғаи дақиқи ҷойи воқеъгардидаи ташкилоти харидор, маълумот дар бораи васоити алоқа (рақами телефон, факс, почтаи электронӣ);
- рақам ва таърихи хулосаи Комиссияи тахассусӣ дар бораи додани мақоми (статуси) ташкилоти харидори соҳибихтисос;
- рақами рамзии (коди) Шаҳодатномаи додашуда дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос;
- таърихи додани Шаҳодатнома;
- мўҳлати амали Шаҳодатнома.
5. Дохил намудан ба Феҳрист ва додани Шаҳодатнома аз тарафи Агентӣ на дертар аз як рўз аз рўзи гирифтани хулосаи Комиссияи тахассусӣ дар бораи ба ташкилоти харидор додани мақоми (статуси) ташкилоти харидори соҳибихтисос амалӣ карда мешавад.
6. Ба Феҳрист дохил намудани ташкилоти харидор бо додани Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос ба расмият дароварда мешавад.
7. Рақами Шаҳодатнома аз ҳашт аломат иборат аст, ки онҳо бо касри каҷхатта ба се қисм тақсим карда шудаанд.
Ду аломати аввал (қисми якум)-и рақами Шаҳодатнома – рамзи (коди) ҳарфии ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад.
Ду аломати касри дуюм (қисми дуюм)-и рақами Шаҳодатнома бо тариқи зерин тартиб дода мешаванд:
- агар ташкилоти харидор қаблан ба Феҳрист дохил нашуда бошад ва Шаҳодатнома бори якум дода шавад, дар ин қисми рақам ду сифр «00» гузошта мешавад;
- агар бо сабаби тағйир ёфтани мушаххасот, номгўй ва ғайра Шаҳодатнома ба ташкилоти харидор такроран дода шавад, ин қисми рақам бояд ба рақами тартибии Шаҳодатномаи такроран додашуда мувофиқат намояд (дар ҳолати ворид намудани тағйирот ва додани Шаҳодатномаи нав – маротибаи якум – «01», маротибаи дуюм – «02» ва ғайра).
Чор аломати охир (қисми сеюм) – рақами тартибии дохил намудан ба Феҳрист мебошанд (масалан, 0003).
8. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос инҳоро дарбар мегирад:
- номи пурраи ташкилоти харидор;
- ҷойи воқеъгардидаи ташкилоти харидор;
- таърихи бақайдгирӣ;
- то кадом мўҳлат дода шудани он.
9. Шаҳодатнома мумкин аст аз тарафи Агентӣ бо огоҳсозии ҳатмии Комиссияи тахассусӣ бозхонда шавад:
1) бинобар риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ;
2) дар ҳолати ба Феҳрист дохил намудани ташкилотҳои харидори бевиҷдон.
10. Қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома бо фармони роҳбари Агентӣ ба расмият дароварда мешавад. Аз рўзи эътибор пайдо кардани фармони мазкур ташкилоти харидор аз Феҳрист хориҷ карда мешавад.
11. Қарор дар бораи бозхонди Шаҳодатнома ба маълумоти ташкилоти харидори шахсе, ки қарор нисбати вай қабул гардидааст, дар шакли огоҳии хаттӣ бо асосноксозии далелноки чунин қарор, на дертар аз рўзи баъди рўзи қабули он, расонида мешавад. Қарори мазкур ба роҳбар ё дигар намояндаи ваколатдори ташкилоти харидор таҳти имзо ё тарзи дигаре, ки факт ва таърихи гирифтани ин қарорро тасдиқ мекунад, супорида мешавад. Агар шахсони мазкур аз гирифтани қарор сарпечӣ кунанд, онро ба василаи почта бо мактуби фармоишӣ ирсол менамоянд.
12. Ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳрист баъди бозхонди Шаҳодатнома, мумкин аст пас аз бартараф кардани сабабҳое, ки барои чунин бозхонд асос гардидаанд, ва дар ҳолати бозхонди Шаҳодатнома бо сабаби аз тарафи ташкилоти харидор якчанд маротиба вайрон кардани муқаррарот ва ба Феҳрист дохил намудани ташкилотҳои харидори бевиҷдон, танҳо баъди аз феҳристи мазкур хориҷ кардани он пешниҳод карда шавад.
13. Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос дар сайти (сомонаи) Агентӣ интишор мегардад ва ҳар 10-рўз таҷдид мешавад.
< Предыдущая | Следующая > |
---|