Ташкилоти харидоре, ки ҳуқуқ дорад мустақилона ҳамаи харидро анҷом диҳад, бояд талаботи тахассусии зеринро қонеъ гардонад:
- дорои захираҳои молиявӣ, таҷҳизот, дигар имконоти моддӣ ва техникие бошад, ки барои харид мутобиқи талаботи Қонуни мазкур зарур аст
- дар сохтори худ воҳиди махсус (минбаъд - воҳиди харид) ё шахсони мансабдори соҳибихтисос дошта бошад, ки барои харид масъуланд
- барои соҳаҳои гуногуни харид ҷиҳати ташкили комиссияҳои тендерӣ дар ҳар як тендер мутахассисони соҳибихтисос дошта бошад
- ғайри қобили пардохт набошад, дар ҷараёни муфлисшавӣ қарор надошта бошад, амволи он таҳти гарав, фаъолияти он дар ихтиёрдории судӣ ё шахси аз ҷониби суд таъингардида, фаъолияти тиҷ оратии ў боздошташуда ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор нагирифта бошад
- ӯҳдадориҳои он вобаста ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар Ҷ умҳурии Тоҷикистон иҷро шуда бошанд
- аз расмиёти харид барканор ва ё барои дағалона вайрон кардани расмиёти харид ва расонидани зарар ба молрасон (пудратчӣ), инчунин барои сари вақт анҷом надодани пардохт номи он ба феҳристи (реестри) мақомоти ваколатдор оид ба ташкилоти харидори беэътимод (бевиҷдон) дохил нашуда бошад
- пеш аз оғози харид дорои тасдиқномаи хазинадорӣ ва ё бонки хизматрасон бошад, ки мавҷудияти маблағи заруриро барои анҷ ом додани хариди давлатӣ тасдиқ менамояд
- барои бастани қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.
< Предыдущая | Следующая > |
---|