Номгўйи ҳуҷҷатҳо
барои пешниҳод ба Комиссияи тахассусии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- нусхаҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- шаҳодатнома оиди дар қайди мақомоти андоз будани аризадиҳанда;
- шаҳодатномаи тахассусии мутахассисон оид ба харид, ки кормандони аризадиҳанда мебошанд;
- маълумотнома аз мақомоти андоз оиди набудани қарзҳо оид ба пардохти андозҳо барои солҳои гузашта ва ҷорӣ дар лаҳзаи додани ариза;
- тасдиқнома аз бонкҳо оиди кушодани ҳисобҳо дар онҳо;
- тасдиқномаи хазинадорӣ ё бонки хизматрасон оид ба мавҷудияти воситаҳое, ки барои амалисозии харидҳо таъин шудаанд;
- тасдиқномаи Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) дар он хусус, ки ба Феҳристи ташкилотҳои харидори беэътимод шомил карда нашуда буд.
< Предыдущая | Следующая > |
---|