ТАРТИБИ
додани сертификати мутахассиси харид
1. Тартиби мазкур дар асоси талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” таҳия гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии додани сертификати мутахассиси харидро муайян мекунад.
2. Мутахассиси харид метавонад шахси воқеӣ бошад, ки ба талаботи зерини тахассусӣ ҷавобгӯ аст:
- маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дошта бошад;
- собиқаи кории касбии на камтар аз ду сола дошта бошад.
3. Сертификати мутахассиси харид аз ҷониби Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) дода мешавад.
4. Асос барои баррасии масъала оид ба додани сертификати мутахассиси харид аризаи шахси манфиатдор ё дархости ташкилоти харидори манфиатдор мебошад, ки ба Агентӣ дода мешавад.
5. Ба ариза ё дархости ташкилоти харидор оид ба додани сертификати мутахассиси харид ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷат оид ба маълумот;
- маълумотнома аз ҷои кор ё нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
6. Шахсе, ки ариза додааст ё дар хусуси шахсе, ки ташкилоти харидор дархост намудааст, аз ҷониби Агентӣ ба рӯйхати номазадҳо барои гирифтани сертификати мутахассиси харид дохил карда мешавад.
7. Номзад тайёрии касбиро аз рӯи барномае, ки Агентӣ тасдиқ намудааст, мегузарад.
8. Ташкил ва гузаронидани тайёрӣ аз ҷониби Агентӣ амалӣ мегардад.
9. Пас аз баохиррасии барномаи тайёрӣ номзад имтиҳони тахассусӣ месупорад. Барномаи имтиҳони тахассусӣ аз ҷониби Агентӣ муайян мегардад.
10. Барои қабули имтиҳони тахассусӣ Агентӣ Комиссияи аттестатсионӣ дар ҳайати на камтар аз 5 нафар таъсис медиҳад.
11. Ба номзаде, ки имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супоридааст, сертификати мутахассиси харид тибқи шакле, ки бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дода мешавад.
12. Амали сертификати мутахассиси харид дар мӯҳлат маҳдуд намегардад.
13. Ҳар як мутахассиси харид ӯҳдадораст ҳар ду сол аз соли минбаъда баъди соли гирифтани сертификат оғоз карда, омӯзиши барномаи такмили ихтисосро, ки Агентӣ тасдиқ менамояд, гузарад.
14. Сертификати мутахассиси харид бекор карда мешавад, агар:
- далели гирифтани сертификат тибқи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муқарар гардад;
- ҳукми суд ба қувваи амал даромад, ки ҷазоро дар навъи маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият ба ҳайси мутахассиси харидро пешбинӣ мекунад;
- мутахассиси харид талаботи қонунгузориро оид ба хариди давлатӣ вайрон кард.
15. Қарор оид ба бекор кардани сертификати мутахассиси харидро Агентӣ қабул мекунад ва бо фармони роҳбари он ба расмият медарорад. Нусхаи фармон ба шахсе, ки нисбат ба он қарор оид ба бекор кардани сертификат қабул шудааст, дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи нашри он ирсол мегардад.
16. Шахсе, ки сертификати мутахассис оид ба харидаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад такроран оид ба додани сертификати зикршуда дар мӯҳлати ду сол ё дар мӯҳлати дар ҳукми суд пешбинишуда, муроҷиат намояд.
17. Шахсе, ки сертификати мутахассиси харидаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад, нисбат ба қарор оид ба бекор кардани сертификат бо тартиби муқаррарнамудаи қонун эътироз кунад.
< Предыдущая | Следующая > |
---|